Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

20160415_132042

Бахшида ба 15 апрел – Рӯзи донишҳои экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суѓд бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар вохӯрӣ доир ба масъалањои тағйирёбии иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо баромадҳо шунида шуданд. Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оид ба муаммоҳои экологии ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбат ба беҳдошти муҳити зист изҳори ақида намуданд. Ҳамзамон, иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

Раёсат баргузории чунин вохӯриҳоро бо донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо низ ба нақша гирифтааст.