Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-тарбиявӣ оид ба татбиқи барномаи маҷмўавии маърифати экологӣ

Бо иштироки устодони донишгоҳу донишкадаҳо дар ш. Душанбе 22 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои олимони факултаи технологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон академик Носирҷон Салимӣ оғоз намуда, зимни суханронии хеш ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус иқдомҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳити зист, аз ҷумла татбиқи 10-солаи байналмилалии амалёти «Об-барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 аз ҷумлаи чунин дастовардҳо баҳри беҳдошти муҳити зист арзёбӣ намуд.

Сипас дар кори семинар муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе   А. Қурбонов, профессори кафедраи  геоэкологияи ДДОТ профессор А. Эргашев дар мавзўи «Мушкилоти экологӣ ва проблемаҳои ҷаҳони муосир», устоди факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б. Абдураҳимов дар мавзўи «Роҳҳои бартараф намудани  мушкилоти таълимоти экологӣ дар мактабҳои олӣ», устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино З. Бурҳонова зери мавзўи «Таъсири душвориҳои таълими экология ба солимии инсон» ва устоди Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҳ. Абдуллозода дар мавзўи «Тарбияи маърифати экологӣ ва роҳҳои ҳалли он» баромадҳо намуданд.

Дар охири семинар байни  иштирокдорон суолу ҷавоб сурат гирифта, дар ин зимн таклифу пешниҳодҳои онҳо барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар татбиқи Барномаи мазкур дар протокол дарҷ гардид.