Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзўи «Муҳити солими Замин барои фарди солим»

IMG_0241

Ҳамасола 22 апрел ҳамчун санаи муҳими экологӣ — Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ ва ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ соли 2016 эълон гаштани «Соли 2016 – соли фарди солим» дар КВДК «Кохи матбуот»-и ш. Хуҷанд конфронси   илмӣ-амалӣ зери мавзўи «Муҳити солими Замин барои фарди солим» баргузор  гардид. Дар конфронс муовини Раиси вилоят О. Хоҷазода, намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ,  мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд.

Суханрониҳои  олимон ва мутахассисони соҳавӣ дар конфронс доир ба муаммоҳои муомилот бо моддаҳои кимиёвӣ дар замони муосир таваҷҷуҳи ҳузурдоштагонро ба масоили ҳифзи глобалии Замин зиёдтар ҷалб намуд.

Раёсати ҳифзи муҳити зист вилоят чун мақомоти ваколатдори давлатӣ барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷроиши талаботҳои Барномаи давлатии экологӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» дар соли равон маҷмӯи конфронсҳои илмӣ — амалӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд.