Иштироки Назарзода Зарина дар таҷлили 70 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея

Аз таъсисёбии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (ҶХДК)70 сол сипарӣ гардид. Рӯзҳои 8-9 сентябр дар пойтахти ин кишвар — шаҳри Пхенян чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он як қатор намояндагон аз кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣиштирок доштанд.

Дар таҷлили ҷорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея намоянда аз Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзодаиштирок намуда, бо як зумра намояндагони мақомоти давлатии ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист мулоқоти З. Назарзода бомуовини якуми Вазири заминсозӣ ва ҳифзи муҳити зисти Кореяи Шимолӣҷаноби Пак Хо Ен баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки як гуруҳ мутахассисону коршиносон аз Кореяи Шимолӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок доштанд.   

Назарзода Зарина пас аз анҷоми мулоқот доир ба ҳамкориҳо дар самти ҳифз ва беҳдошти муҳити зист ба Пак Хо Ен Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Дар доираи ин сафар З.Назарзода аз Хоҷагии ниҳолпарварии ҷангали Маркази назди Вазорати Заминсозӣ ва ҳифзи муҳити зист, Нуқтаи мушоҳидавӣ оид ба назорати ҳавои атмосфераи шаҳри Пхенян ва як қатор иншоотҳои мутааллиқ ба соҳаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дидан ба амал овард.

  Зимни суҳбат ба хабарнигори “Инсон ва табиат” З. Назарзода иброз дошт, ки давлати Кореяи Шимолӣ бо вуҷуди таҳримҳои кишварҳои Ғарб дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, самти ҳифзи муҳити зист ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Масалан, зимни боздид дар яке азиншоотҳо, ки таҷҳизоти муайянкунандаи оксиди нитроген ва оксиди сулфур насб шуда буд, масъулин иброз доштанд, ки чунин таҷҳизот дар 12 нуқтаи шаҳри Пхенян мавҷуд аст, ки дар ҳар як соат ба Маркази ҳавошиносии кишвар  маълумотро доир ба дараҷаи партофти оксиди нитроген ва оксиди сулфур ба ҳавои атмосфера ирсол менамояд.

Тавре аз суҳбат бо муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гашт, мутахассисону коршиносони Вазорати заминсозӣ ва ҳифзи муҳити зисти Кореяи Шимолӣ бароиҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро иброз медоранд.