Ба таваҷҷӯҳи шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист!!!

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш Фармоиши Раиси Кумита доир ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии  «Шуъба (бахш)-и беҳтарини ҳифзи муҳити зист» дар байни шуъба (бахшҳо)-и ҳифзи муҳити зист ба имзо расид.

Мақсад аз гузаронидани озмун баланд бардоштани савияи дониш ва тахассуси  кормандон дар самти пешбурди  муваффақонаи назорати давлатӣ, муайян кардани  иҷрои  барномаҳои давлатию соҳавӣ, фаъолияти босамар дар бахши ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист; фаъол гардонидани  мавқеи  ҷамъиятии кормандони соҳавӣ дар иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни            25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма оид ба тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, сатҳи таъминоти воҳидҳои сохторӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва истифодабарии васеи  имкониятҳои мавҷуда мебошад.

Озмун дар ду марҳила гузаронида мешавад:

— марҳилаи аввал дар байни шуъбаю бахшҳои  ҳифзи муҳити зисти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар вилоятҳо аз 15 май то 31 июл;

-марҳилаи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз 1 то 31 август.

Баҳодиҳӣ аз рўи системаи 10-хол гузаронида мешавад. Озмун аз рўи шартҳои зерин ҷамъбаст мегардад:

-ободонию ороиши бино ва ҳудуди вобасташуда ба он;

-мусоидати шуъба (бахш)-и ҳифзи муҳити зист ба корҳои ободонӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, кабудизоркунӣ;

-пешбурди назорати давлатӣ аз рўи самтҳои  алоҳида (набототу ҳайвонот, моҳӣ, захираҳои обӣ, муомилот бо партовҳо, замин, ҳавои атмосфера);

-ҷамъоварии пардохтҳои экологӣ;

-мусоидат  барои бо экспертизаи давлатии экологӣ фаро гирифтани иншоотҳо;

-рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ;

-ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ;

-сатҳу сифати ҳуҷҷатгузорӣ;

-сатҳи тахассусии кадрҳо;

-сатҳи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ доир ба ҳифзи муҳити зист;