Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба имзо расонид

099A21292

22 апрели соли 2016  дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оид ба  ифтитоҳи  маросими ба имзо расонидани Созишномаи Порис оид ба тағйирёбии иқлимро эълон кард. Нахустин шахсе, ки Созишномаро ба имзо расонид, ин президенти Фаронса Франсуа Олланд  буд.  

Бино ба иттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими мазкур 171 кишвари узви СММ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони соҳавӣ ширкат варзида,  санади мазкурро ба имзо расониданд. Лозим ба таъкид аст, ки аз он 14 кишвар аллакай ин санадро тасдиқ намудаанд. Дар маросими ифтитоҳ Котиби кулл  ин равандро ҳодисаи таърихии фаромўшнопазир номид: «Қабл аз ин  ягон санади байналмилалиро  дар як рўз  ин қадар мамлакатҳо имзо накарда  буданд». Дар ҳамоиши  мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло,  Директори  Агентии  мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири назди   Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шерхон Салимзода муаррифӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд ва  яке аз ҷаласаҳои маросими мазкурро ҳамраисӣ карда,  дар рафти суханронии худ аз афзоиши таъсири тағйироти иқлим ба муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақа ёдовар гардида, роҳандозии табдирҳои мутобиқгардониро, ки ҷузъи асосии рушди устувор мебошанд, муҳим арзёбӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин зикр кард, ки айни замон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи миллии м
утобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар марҳилаи ниҳоии таҳия қарор доранд ва зимни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба инобат гирифта хоҳанд шуд.  

Созишномаи Порис  оид ба иқлим  дар рўзи сиюм  баъди он, ки онро  на камтар аз 55 мамлакат тасдиқ (ратификатсия) мекунанду ба онҳо  на камтар аз 55 фисади  ихроҷи умумии газҳои парникӣ рост меоянд, қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Созишнома оид ба иқлим моҳи декабри соли 2015 дар Конimage (1)ференсияи 21-уми  мамлакатҳои  ширкаткунандагони  Конвенсияи муҳаддади  СММ оид ба тағйирёбии иқлим  қабул шуда, меъёрҳои  ихроҷҳои газҳои парникӣ   ва тадбирҳо оид ба пешгирии  тағйирёбии иқлимро пешгирӣ мекунад.

Созишнома бояд ҳамаи мамлакатҳоро барои ояндаи босуботи экологӣ роҳнамоӣ кунад.

Тибқи талаботи он  баландшавии ҳарорат дар сатҳи 1,5 дараҷаи Селсий  нигоҳ дошта мешавад.  Созишнома барои ба имзо расонидани  мамлакатҳои ба он шомилнашуда кушод буда,  дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк  то 21 апрели соли 2017  нигоҳ дошта мешавад.