Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мазмуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинарии бозомӯзӣ

IMG_5177 ФОТО 28. 04. 2016

28 апрели соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари навбатии бозомӯзӣ доир гардид. Чорабиниро муовини раиси Кумита Ойхон Шарипова оғоз намуда, муҳимияти бозомӯзии кунуниро хоса арзёбӣ намуд. Чунки дар он  шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 дар райъпурсии умумӣ ќабул мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Барои шарњи моҳият ва зарурати ворид намудани тағирот ва иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Амонбеков дода шуд.

Бозомӯзӣ дар сатҳи баланди фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифта, қайд карда шуд, ки тағйиру иловаҳо аз 40 банд иборат буда, вобаста ба мазмун ва ҳадафҳои  гузошташуда онҳоро метавон гурӯҳбандӣ намуд.  Аз қабили:

-пурзӯр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан;

— такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор;

-танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа;

-аз ҷиҳати таҳрирӣ, мантиқӣ ва имлоӣ дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ва ғ.

Дар баррасии масъалаи мазкур кормандони алоҳидаи Кумита суханронӣ нмуда, пешниҳоди чунин тағиру иловаҳоро ба мундариҷаи Конститутсияи кишвар омили муҳими қавигардии  шохаҳои ҳокимияти давлатӣ маънидод намуданд. Дар ин баробар даъват ба амал оварда шуд, ки барои ширкат дар чунин маъракаи сиёсии интихоботӣ бетарафӣ ихтиёр карда нашавад.

Қисмати дуюми бозомӯзӣ зери мавзӯи «Мафҳумҳои асосии сосохтори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мониторинги давлатии экологӣ» аз ҷониби директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ тадқиқотии «Табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тимур Назаров ҷараён гирифт.

 

Вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда суолҳо пешниҳод гаштанд ва ба онҳо аз ҷониби маърӯзакунандагонӣ бозомӯзӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.