Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Раиси Кумита Х.Ибодзода бо Фабио Пиана

5 майи  соли ҷорӣ вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода бо Муовини Роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ  дар Аврупо (САҲА) ҷаноби Фабио Пиана доир гардид.
          Дар вохӯрӣ оид ба иқтисоди сабз, тарбия  маърифати экологӣ, ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муносибати ҷонибҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Тарафҳо аз ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.