Аксияи “Тозагии маҳал” дар миқёси вилоят

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят,  дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи навбатии «Тозагии маҳал»-ро гузаронид. Дар маҷмуъ давоми моҳи октябри соли равон 4 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, махсусан мавзеъҳои ҷойгиршавии партовгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар аксияҳои  мазкур зиёда аз 4,2 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимию сохторҳои тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти аксия ба масофаи 6 км каналу ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш тоза гардида, 3,3 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо аз алафҳои бегона, 1,8 км соҳили дарё ва 5,7 км қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 128,2 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд.