Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ дар доираи татбиқи Конвенсияи Орхус

6 майи соли ҷорӣ дар деҳаи Лӯчоби ноҳияи Варзоб, дар доираи татбиқи  Конвенсияи Орхус, семинарии бозомӯзӣ баргузор гашт. Чорабиниро сардори Маркази ҷумҳуриявии Орхус Сулҳия Содиқова оғоз намуда, суханро ба намояндаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Фирӯза Ҳоҷиева дод.

Зимни суханронии худ Ф. Ҳоҷиева мақсад, вазифаҳо ва дурнамои татбиқи Конвенсияи мазкурро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадафи аслии созишномаи мазкур беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии  мардум мебошад.

Дар рафти чорабинӣ Эргашев  Мурод -мушовир оид ба масоили ҳифзи муҳити зист дар робита ба татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” ва  Қурбон Кабутов- корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи энергияҳои алтернативӣ, аз қабили энергияҳои аз шамолу  офтоб ҳосилшаванда призентатсияҳо нишон доданд.

Иштирокдорони бозомӯзӣ ба ҳар як бахши бромаду руйнамоҳо таклифу пешниҳод ва суолҳо доданд.  Ҳамзамон, намояндагони Конвенсияи мазкур ба суолҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас доданд. Илова бар ин, иштирокдорони семинар бо маводҳои иттилоотию методӣ таъмин карда шуданд.

Дар фароварди бозомӯзӣ иштирокдорон аз баргузории чунин чорабиниҳои муфид изҳори хушнудӣ карда, изҳор доштанд, ки машварати мутахассисон дар фаъолияти минбаъдаи онҳо таъсири мусбат расонда,   ба ин восита беҳдошти ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо таъмин хоҳад гашт.