Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳо оид ба риояи меъёрҳои экологии таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ дар маљлиси назоратӣ

IMG_5312

Дар Маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 майи соли равон бо иштироки сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Кумита, масъулини ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ баргузор гашт, 3 масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз бахшида, ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис дар алоҳидагӣ муҳокима гашт.

Аз рӯи масъалаи аввал сардори Шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи захираҳои оби Кумита Саидмуҳиддин Маҳмадаминов оид ба фаъолияти хадамоти мутасаддӣ ва мақомоти назоратии ноҳияи Рӯдакӣ ва Шаҳринав, ки қаблан дар асоси фармоиши Раиси Кумита манбаъҳои обии ноҳияҳои мазкур мавриди санҷиш қарор гирифта, баъд ҷиҳати риояи меъёрҳои экологии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дигари маҷлис ҳисоботи санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ ва кор бо кадрҳо дар Раёсат, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ва чораҳои беҳтар намудани он аз ҷониби мутахассиси Раёсати корҳои Кумита Саидасан Мамадусайнов шунида шуд. Зимни баромади худ С.Мамадусайнов қайд кард, ки дар баробари риояи дурусти корбарӣ бо ҳуҷчатҳо, масъалаҳои кадрӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои тобеи он камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд. Дар ин росто барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо дода шуд.

Оид ба масъалаи сеюм сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвоноти Кумита Ҳамроқул Аҳроров дар бораи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, Деваштич, Зафаробод ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот , захираҳои моҳӣ ва рафти маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳисобот дод.

Доир ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлиси Раиси Кумита Х.Ибодзода суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист ва дигар паҳлуҳои соҳаи фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод ва қайд карда шуд, ки оид ба камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз натиҷаи он дар муҳлатҳои муайянгардида ба Кумита маълумоти муфассал пешниҳод гардад.

Ҳамчунин Раиси Кумита ба масъулин суполриш дод, ки ҷиҳати иҷрои нақшаҳои чорабиниҳо доир ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги дар пеш истода- Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бо назардошти  масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори маҷлис қабул карда шуд.