Хайрулло Ибодзода Раиси Шӯрои Байнидавлатии экологии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид

Санаи 10 октябри соли 2018 дар толори меҳмонхонаи “ШЕРАТОН” –и шаҳри Душанбе IV-умин ҷаласаи Шӯрои Байнидавлатии экологии давлатҳои  иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки давлатҳои иштироккунанда аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшид.

Сипас ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Махмадтоир Зокирзода, ҷонишини Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Сергей Николаевич Ястребов сухани табрикотӣ намуданд. Ҳамзамон Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷрокунандаи ИДМ Сергей Лебедев ба иштирокчиёни ҷаласа сухани табрикотӣ ирсол намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои интихоби Раиси ва ҳамраисии Шӯро, доир ба дурнамо ва самти ҳамкориҳо дар бахши муҳити зист дар ИДМ, ҳамзамон ҳамкориҳо бо дигар гуруҳҳои интегратсионӣ, рафти иҷрои қарори ҷаласаи III ва Нақшаи кори Шӯрои байнидавлатии экологии давлатҳои иштирокчӣ, табодули таҷрибаи кишварҳои ИДМ дар соҳаи сиёсати ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳавои атмосферӣ ва хок, таҳияи методология оид ба барқарор кардани зараре, ки ба муҳити зист расонида шудааст, инчунин барқарор намудани ҳамкорӣ бо он мақомотҳои давлатии ИДМ оид ба ҳифзи табиат ва экология мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар охири ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён барои интихоби Раиси Шӯрои Байнидавлатии экологии давлатҳои  иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил овоздиҳӣ сурат гирифт. Аз тарафи иштирокчиён Хайрулло Ибодзода якдилона Раиси Шӯрои Байнидавлатии экологии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Дар рӯзи 11 октябр барои меҳмонон сайр ба шаҳри Норак ташкил карда шуд. Меҳмонон аз тамошои манзараҳои табиии Тоҷикистон ва Неругоҳи барқии обии “Норак” ба ваҷд омада, дар назди монументи “Ба сохтмончиёни НБО-и Норак”, ки нишони 15 ҷумҳурии шӯравӣ давродаври он насб шуда буд, акси умумӣ бардоштанд.