Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 24-уми солгарди  рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Дастгоҳи  марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Зимни сухани табрикотии худ, муовини Раиси Кумита Зарина Назарзода қайд гардид, ки ба бахти миллати тамадунофару давлатсози тоҷикон 6 ноябри соли 1994, аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳия гашта, шарики раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки он дар таьрихи навини давлатдории кишварамон яке аз воқеаҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сатҳи давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян номуда, ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дap мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеа, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Инкишофи муносибатҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, такмили меъёрҳои конститутсионӣ тақозо намуданд, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гарданд, ки он ба нафъи тамоми мардуми мо равона шудааст.

Дар рафти чорабинӣ як қатор иштирокдорон низ андешаҳои хешро аз ин санаи барои рушди бонизоми давлату миллат ниҳоят муҳими  даврони Истиқлолият  изҳор намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи табиатро аз ҷониби тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, тамоми боигарии табииро моликияти истисноии давлат эълон кардааст ва барои иҷрои он қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.