Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумита

Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, муовинони Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода ва Зарина Назарзода иштирок суханронӣ намуданд. Басо рамзист, ки имсола таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супоридани агрегати якуми иншооти бузурги аср НБО «Роғун» рост меояд-қайд карда шуд дар ҷамъомад. Баромадкунандагон доир ба хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини суҳлу субот, пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар изҳори андеша намуда, таманниёти хешро баҳри  боз ҳам ободу пешрафта гаштани Ватани азизамон-Тоҷикистон баён доштанд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба хидматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи шукуфоии имрӯзу ояндаи сарзамини мо метавонад дар роҳи ҳамбастагии бештари сокинони мамлакат ва ваҳдати комили миллӣ омили муҳим бошад.