Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромади Хайрулло Ибодзода дар Конференсияи 8-уми Вазирони ҳифзи муҳити зист дар Аврупо

Фот 4

8 июни соли равон  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Хайрулло Ибодзода  дар ҷаласаи чоруми Конференсияи вазирони ҳифзи муҳити зист  дар мавзўи  «Экологикунонии иқтисодиёт  дар минтақаҳои панаврупоӣ» баромад кард.   Дар баромадаш Х. Ибодзода, аз ҷумла қайд намуд, ки дарки ғояи «Иқтисодиёти сабз»  дар ҷаҳон дар қатори «Рушди сабз», принсипҳои рушди устувор  бо мурури замон ҳаётан муҳим гардида,  кишварҳоро водор месозад, ки уҳдадориҳои ба зиммаҳояшон қабулкардаро  ба таври системавӣ  мунтазам анҷом диҳанд.     

Гузариш ба рушди устувор  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат ба такмили комили  муносибатҳоро  ба сиёсати экологӣ ва иқтисодӣ, гузариш  аз усулҳои анъанавӣ ба экологикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ  ва табдилотҳои институтсионалиро  бо мақсади ташкили сохторҳои судманди бозорӣ,  ташаккули механизмҳои мувофиқи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ,  таъсиси муҳити меъёрию ҳуқуқӣ, рушди воситаҳои иқтисодӣ  ва масъалаҳои маблағгузорӣ  барои таъмини гузариш ба иқтисодиёт «сабз»-ро   тақозо мекунад. Ба андешаи мо дар марҳилаи аввал омода намудани «Харитаи роҳандозии  иқтсодиёти сабз» ба мақсад мувофиқ аст. Албатта, дар ин маврид  хусусиятҳои миллӣ  ва тадбирҳои андешидашударо  оид ба сиёсати иқтисодии рушди миллӣ   ба эътибор гирифтан зарур аст.  Тадбирҳои аввалиндараҷа дар ин маврид  идоракунии босамари партовҳо,  қабули маҷмуи тадбирҳо оид ба кам кардан ва аз нав коркард кардани онҳо,  ҳалли масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди манбаъҳои барқарошавандаи энергия ва дигар самтҳо мебошанд.