Семинари бозомӯзӣ оид ба татбиқи Барномаҳои давлатию соҳавӣ

22 ноябри соли 2018 дар бинои Дастгоҳи Марказии Кумита семинари бозомӯзии навбатӣ дар мавзӯъҳои «Усулҳои татбиқи Барномаҳои давлатию соҳавӣ ва назорати он аз тарафи кормандони соҳавӣ» ва «Талаботи дастурамали коргузорӣ оид ба тартиб додани феҳристи парвандаҳо, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои иҷрошуда дар мақомоти ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид.

Дар рафти семинари мазкур оид ба мавзӯи аввал, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев Абдусалим ва дар мавзӯи дуюм, сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Мамадусайнов Саидасан баромад намуданд.

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби иштирокдорон оид ба масъалаҳои марбута саволу ҷавобҳо сурат гирифт.