Аз рафти сафари хизматӣ дар Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб

Аз 14 то 20 ноябри соли равон, тибқи Нақша-чорабиниҳои Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу ташвиқи масъалаҳои муҳити зист аз ҷониби мутахассисони Маркази ахбори экологии Кумита Саидурфони Қутбиддин ва Раҷабов Абдуқаҳор дар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми №7-и н. Ш. Шоҳин,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и н. Мӯъминобод ва коллеҷи тиббии н.Ховалинг бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби мутахассисони мазкур дар ноҳияҳои болозикр оид ба ҳифз, нигаҳдорӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ сӯҳбати озоду самимӣ гузаронида, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Аз доир гардидани чунин вохӯриҳо иштирокдорон изҳори  қаноатмандӣ намуда, ташкили бештари чунин вохӯриҳоро муфид арзёбӣ намуданд.