Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Хайрулло Ибодзода дар ҷаласаи рушд оид ба иқтисодиёти сабз

9 июни соли равон  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар ҷаласаи рушд оид ба иқтисодиёти «сабз» дар Конфронси вазирони муҳити зисти Аврупо, ки дар Гурҷистон гузашта истодааст, маъруза намуд. Зимни суханронӣ Х. Ибодзода  кайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи рушди устувор,  захираҳои молиявӣ ва институтсионалии худро  барои дастгирӣ ва таҳкимбахшии ҳама омилҳои таркибии иқтисодиёт,  бо назардошти ҷузъиётҳои экологӣ-иқтисодӣ равона менамояд. Дар соҳаи идоракунӣ ва ҳифзи муҳити зист сиёсати давлат барои дастёбӣ  ба натиҷаҳои мушаххас тавассути истифода аз муносибатҳои бисёрҷониба ва самаранок дар раванди ҳаллу фасли масоили экологии глобалӣ ва милли равона гаштааст.

Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода аз ҷумла зикр кард, ки «Самтҳои асосии расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар халли масъалаҳои экологӣ  ва гузариш ба иқтисоди сабзро мо рушди гидроэнергетика мешуморем».

Дар ин баробар қайд карда шуд, ки кишвари мо аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ бой аст ва дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ қариб 4% нерўи гидроэнергетикӣ истифода мешавад.  

Тоҷикистон омода аст, дар чорабинихои минтакавӣ ва байналмилалӣ,  ки ба солимии муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ба вижа дар доираи конвенсияхои СММ оид ба ҳифзи муҳити зист доир мегарданд,  фаъолона иштирок намояд.