Конфронсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Об-омили асосии рушди устувор»

20 ноябри соли ҷорӣ дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзӯи «Об-омили асосии рушди устувор» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумита  Зарина Назарзода, сардорон ва масъулони Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои об, шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, Филиали Тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Кумита, ҳамчунин сардорони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти  Хатлон, Бозрасии минтақаи  Кӯлоб, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.  Иштирокдорони чорабинӣ, ҳамчунин  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дигар сохторҳои вазорату идораҳои вилоятӣ низ буданд.

Иштирокдорони чорабинӣ аз дастоварди илмии устодону донишҷӯён ва маҳсули кори марбутаи дигар мақомоти дахлдор   бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки дар  саҳни бинои Донишгоҳ ташкил гардида буд, дидан карданд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шамсиддин Раҳимов ба кори Конференсия оғоз бахшида, суханро ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Баромадкунандагон ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,       2018-2028» ба манфиати кулли мардуми кишвар, минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии амалишавии Даҳсолаи мазкур ин таъмини амнияти экологии кишварҳои дунё, дастрасии умум ба оби нӯшокии хушсифат ва ба ин восита муҳофизати табиати олами зиндаи Сайёра  мебошад.

Бо ифтихормандӣ қайд карда шуд, ки аз ҷониби Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 16 ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории Тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Баромадкунандагон дар мавзӯъҳои «Механизмҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои оби Тоҷикистон», «Ташаккулёбии равандҳои хатарноки гидрологии вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар пешбурди ҳаллу фасли проблемаҳои глобалии марбут ба об», «Дастрасии аҳолӣ бо оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои обӣ дар радифи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор»  презентатсияҳо намуданд.

Доир ба мавзӯъҳои баррасигардида муҳокимарониҳо сурат гирифта, ба суолҳои сершумори пешниҳодшуда мутахассисону коршиносон ва устодони  баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар охир ба як қатор донишҷӯёну устодон, ки саҳми худро дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист гузоштаанд, ифтихорномаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист супорида шуд.