Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Ибодзода Хайрулло бо Гигла Агулашвили

сурат барои 1 малумот

Зимни мулоқоте, ки рўзи 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Батуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибозода Хайрулло бо Вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиии Гурҷистон Гигла Агулашвили анҷом дод, масъалаҳои табодули таҷрибаи кишварҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва заминаҳо барои рушди иқтисоди сабз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодзода Хайрулло барои даъват барои иштирок дар Конфронси байналмилалии Вазирони муҳити зисти кишварҳои панаврупоӣ ба Гурҷистон аз вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиии Гурҷистон Г.Агулашвили изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ташаббуси Батуми барои ба насли оянда боқӣ гузоштани сарватҳои табиӣ ва пешрафти иқтисодиёти сабз  мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ Гигла Агулашвили аз Ибодзода Х. даъват ба амал овард, ки аз ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Гурҷистон, бахусус аз Три Рава, ки ҳамеша боришот шуда меистад, дидан намоянд. Ў гуфт ин макон барои ҳамаи сайёҳон писанд мешавад ва онро метавон барои рушди иқтисод макони калидӣ ҳисобид. Тақрибан 100 сол пеш мардуми деҳаҳои атрофи Рава  макони зисташонро тарк намуда буданд. Аммо имрўз ҷавонон рўй барои ободкунии ин макон кўшиш карда, ин гўшаро ба як макони биҳиштӣ табдил доданд. Ба ҷуз аз обу ҳавои форам таваҷҷуҳи ҳар як сайёҳро ҳавзи гулмоҳипарварӣ, тарабхонаҳои хеле пурнақшу нигор ҷалб менамояд.

Г. Агулашвили зимни мулоқот иброз намуд, ки дар масъалаи азхуд кардани захираҳои обӣ ва сохтмони Нерўгоҳҳои барқии обӣ дар Гурҷистон корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дар Гурҷистон шумораи дарё ва рўдҳои кўҳӣ ба 26 ҳазор мерасад ва ин имкон медиҳад, ки нерўгоҳҳои хурди обии барқӣ сохта шавад. Дар мавзеъҳои сершамол нерўгоҳҳои бодӣ низ васл карда шудаанд. Ҳамчунин барои дар амал татбиқ намудани технологияҳои нави энергетикӣ бо истифода аз нерўи офтоб саъю талош карда истодаем. Агар дар ин бахш кишвари Шумо таҷрибаи зиёдтар дошта бошад, мо омода ҳастем, ки дар ин бобат бо Шумо ҳамкорӣ дошта бошем.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Х. иброз намуд, ки дар Тоҷикистон асосан ба рушди гидроэнергетика афзалият дода мешавад. Вале дар оянда тасмим мегирем, ки аз нерўи офтоб бо мақсади рушди иқтисоди сабз дар кишвар  истифода намоем. Аз ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — мамнуъгоҳҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, бо мақсади муҳофиазати сарватҳои табиӣ онҳоро ба резервати биосферӣ табдил дода истодаем.

Дар тўли 1 соли охир шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон ду маротиба афзудааст. Дурнамои  кишвари мо низ барои рушди туризм  нигаронида шудааст. Дар фарҷоми мулоқот Ибодзода Хайрулло иброз намуд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои об дар назар аст ва аз Гигла Агулашвили даъват ба амал овард, ки дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили об иштирок намояд.