Соати сиёсӣ “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки кормандон дар мавзӯи  “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”  соати сиёсӣ доир гардид.

          Аз тарафи  сармутахассиси Раёсат Саидов Хуршед қайд  карда шуд, ки  дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр мебошад,  бо хатти заррин сабт гашт ва ин рўйдоди муњими таърихӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва Забони модарӣ, Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери Парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дошта, ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

         Сипас кормандони дигари Раёсат  ба суханони табрикӣ баромад намуда, зикр карданд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хосса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, пешравиҳою асолати худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ таҷассум намудаанд.

        Боиси ифтихормандӣ зикр карда шуд, ки Парчами миллӣ сари баланд, ифтихор, шарафи соҳибони он аст. Зери Парчами давлатӣ ҳамаи мо ба сӯи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона ҳастем.