Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии 4 масъалаи экологӣ дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои намояндагии кишварҳои Осиёи Марказӣ

сурат барои маълумоти 2

Дар рўзҳои баргузории Конфронси вазирони муҳити зисти минтақаи панаврупоӣ дар шаҳри Батуми, бо иқдоми ташкилотҳои UNEP ва UNECE роҳбарони ҳайатҳои намояндагии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади баррасӣ кардани муҳимтарин масъалаҳои экологии минтақавӣ мулоқоти ѓайрирасмӣ анҷом доданд. Дар мулоқот ба ҷуз роҳбарони ҳайатҳои намояндагии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин муовини директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ва ҳамзамон муовини котиби Генералии СММ ҷаноби Иброҳим Тио, Директори дафтари Аврупоии ЮНЕП ҷаноби Ян Дусик, котиби иҷроияи СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ дар Аврупо ҷаноби Кристиан Бах иштирок доштанд.

сурат барои маъуломати 2 Вохўриро бо сухани муқаддимавӣ Иброҳим Тио ҳусни ифтитоҳ бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид сохт, ки дар минтақа ба ҳалли чор проблемаи экологӣ бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ин проблемаҳо иборатанд аз идоракунии партовҳои кимиёвӣ, декарбонизатсия (коҳиш додани гази карбон) ва қабули қарорҳои сиёсӣ барои гузариш ба иқтисодиёти сабз, идоракунии захираҳои табиӣ ва муҳимиятии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал. Роҳбарони ҳайатҳои намояндагӣ ба таври мухтасар доир ба чорабинӣ ва нақшаҳо дар робита ба ин чор муаммои экологӣ ҳарф заданд. Роҳбари ҳайати намояндагии ҶТ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодзода Хайрулло зимни суханронӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон узви Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ҳамаи институтҳои он буда, тамоми уҳдадориҳои ба зиммагузоштаашро дар доираи ин ҳамкориҳо фаъолона иҷро менамояд. Созишномаи минтақавӣ оид ба муҳити зист аз ҷониби Тоҷикистон 10 сол қабл ба имзо расида буд ва кишвари мо дар доираи он бо кишварҳои минтақа ҳамкории фаъол дорад. Хайрулло Ибодзода ҳамчунин оид ба самтҳои афзалиятноки чорабиниҳои мутобиқшавӣ дар кишвар ибрози назар карда, аз ҷумла амалӣ гаштани Барномаи пилотӣ дар робита ба мутобиқшавӣ ба таѓйирёбии иқлим ва стратегияи рушди кишвар доир ба иқтисоди «сабз»-ро хотирнишон кард.