Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони муҳити зисти минтақаи панаврупоӣ барои мусоидат ба сабзгардонии иқтисодиёт уҳдадорӣ қабул карданд

сурат барои маълумоти 3

Дар шаҳри Батуми (Гурҷистон) Конфронси ҳаштуми вазирони «Муҳити зист барои Аврупо», ки барои рушди минбаъда ва густариши ин раванди панаврупоӣ асос гузошт, рўзи 11 июн ба анҷом расид. Мавзӯъҳои асосии ин чорабинӣ масъалаҳои иқтисоди «сабз», беҳтар кардани сифати ҳаво, инчунин арзёбии пешрафт дар соҳаи маориф барои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз натиҷаҳои конфронси мазкур тасдиқи чаҳорчӯби стратегии экологикунонии иқтисодиёт аз ҷониби вазирон дар минтақаи панаврупоӣ мебошад, ки мафҳум (консепсия), вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолият барои гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро то соли 2030 дарбар мегирад.
Дар ҳуҷҷат се вазифаҳои асосӣ дарҷ гардиданд, ки иборатанд аз:
— бартараф кардани хатарҳои экологӣ ва норасоии захираҳои табиӣ;
-таҳкими пешрафти иқтисодиёт ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ;
— таҳкими адолати иҷтимоӣ.

сурат барои маъуломоти 3Бо мақсади татбиқгардонии чаҳорчўби стратегӣ аз ҷониби ҳайатҳои расмӣ ташаббуси Батуми дар робита ба экологикунонии иқтисодиёт (BIG-E), ки барои солҳои 2016-2030 пешбинӣ шудааст, қабул ва дастгирӣ ёфт. Зикр кардан бамаврид аст, ки ин ташаббус барои қабули ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба иқтисодиёти «сабз» аз тарафи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор нигаронида шудааст.
«Барои гузариш ба иқтисоди «сабз »ва модели иқтисодии фарогир, ба мо дастгирии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва омода будани онҳо чун пешво дар ин раванд зарур аст»- изҳор намуд Кристиан Фрис Бах, Котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE).
Дар рафти баргузории ҷаласаи умумӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдории худро ба ташаббуси Батуми доир ба экологикунонии иқтисодиёт тасдиқ мекунад ва барои татбиқи он рўихати як қатор иқдому амалҳоро таҳия менамояд.
Намояндагони UNECE аз қарори намояндаи расмии Тоҷикистон ба хушнудӣ истиқбол карданд ва ёдовар шуданд, ки ташаббуси BIG-E барои ҳамроҳшавии ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар минтақа кушода аст.
Дар доираи маросими рамзии баимзорасонии ташаббуси Батуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодзода Хайрулло дар дарахти сабз, ки ифодагари рамзи ташаббуси Батуми мебошад, имзо кард.