БО ИҚДОМУ ДАСТГИРИИ КУМИТА АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАМНУЪГОҲИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН” 30 САР ҒИЗОЛ ВОРИД КАРДА ШУД

Аз таъсисёбии мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” 80 сол сипарӣ гардид. Ҳудуди масоҳати мамнуъгоҳ 61 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Манзараҳои зиёди диққатҷалбкунанда, олами бои набототу ҳайвонот,  кӯлу дарёчаҳо, навъҳои гуногуни нодири парандаву моҳиҳо ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта шуҳрати олам гашта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ низ ба олами ҳайвоноту набототи ҳудуди мамнуъгоҳ таъсири манфии худро расонд.    

       Хушбахтона баъди таъмини фазои сулҳу оромии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ бо саъю талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои гуногуни олам парандаву ҳайвоноти нодири ба ин мавзеъ мувофиқ оварда шуд. Шароити нигоҳубини ҳайвоноту парандаҳои нодир беҳтар гардида, олимону мутахассисон барои ҳамкорӣ ҷалб шуданд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ бо мақсади боздид ба амал овардан аз ҳудуди мамнуъгоҳ дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маротиб афзуд. Ин ҳама аз самараи соҳибистиқлолии кишвар, тинҷиву оромӣ, пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушода” густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди хориҷӣ рӯи кор омадааст.

      Назар ба гуфтаи мутахассисону кормандон имрӯз дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 45 намуди ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили шағол, гурбаи ҷангалӣ, гург, кафтор, гавазни бухороӣ ва ғ. сукунат доранд.

    Чанде пеш бо иқдому дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҷонибдории комил аз ҳидоятҳои созанда ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ғанӣ гардондани олами ҳайвоноти нодир дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” аз Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон 30 сар ғизол ё оҳуи бухороӣ оварда шуд.

       Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода чанд муддат пеш бо ҳамроҳии директори Парки миллии Тоҷикистон Суҳроб Маҳмудов бо мақсади ошноӣ бо вазъи зисти ғизолҳои аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардашуда ба мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ташриф оварданд.

   Зимни суҳбат муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ чунин ибрози андеша намуд: “Густариши дӯстиву бародарии ду миллати ба ҳам бародар бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба рушди иқтисодиёт, тавсеа ёфтани ҳамкориҳои самарабахш дар ҳама соҳаҳо заминаи воқеӣ гузошт.

    Бо мақсади табодули ҳайвоноти нодир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс дар зинаҳои минбаъда овардани боз якчанд сар ғизол ба мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар назар аст”- гуфт дар охири суҳбат Назарзода З..