Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои муҳит зист Марк Кардоненс

Дар доираи баргузории конференсияи вазирони кишварҳои Аврупо дар Батуми, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодзода Хайрулло дар вохўриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иштирок намуд. 10 июн Котиби давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои муҳит зист Марк Кардоненс ба муносибати Конференсияи вазирони «Муҳити зист барои Аврупо» бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Шўрои Фонди глобалии экологӣ (GEF) мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод. Зимни мулоқот Марк Кардоненс доир ба руйдодҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист ибрози назар карда, аз Созишномаи Париж ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, иҷрои корҳо дар чаҳорчўби Барномаи рўз дар давраи то соли 2030 ва пешравиҳо дар соҳаи амалигардонии конвенсияи Минамат, ки котиботи он дар Швейтсария ҷойгир шудааст, ёдовар шуд.
Қобили зикр аст, ки Швейтсария Гурўҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистонро дар ҷаласаҳои Шўрои GEF намояндагӣ карда, барои фаҳмидану пешниҳоди афзалиятҳо ва проблемаҳои Гурўҳ бо ҳама кишварҳои аъзо ҳамкории зич дорад. Ҷаноби Кардоненс муҳимиятии Гурўҳ ва GEF-ро барои Швейтсария махсус таъкид намуд.

Хайрулло Ибодзода зимни мулоқот доир ба самтҳои афзалиятноки кишвар, раванди амалигардонии фазаи якуми PPCR, ҳамчунин тадбирҳои андешидашуда дар чаҳорчўби баҳодиҳии глобалии экологӣ ва статуси лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби GEF дар кишвар ба таври мушаххас ибрози назар намуд.  

  Роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Шўрои Сандуқи глобалии экологӣ (GEF)  зимни мулоқот ба масъалаҳои фарогири раванди GEF-7, ба монанди нақши ҳавасмандгардонии ГЭФ бо назардошти афзалиятҳои миллӣ, алоқамандӣ бо ҳадафҳои рушди устувор ва амнияти озуқаворӣ мароқ зоҳир намуданд.  

Ҳамчунин дар доираи баргузории конфронси Батуми Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода дар якчанд чорабиниҳои дигар, аз ҷумла мулоқоти ғайрирасмӣ оид ба “дастрасӣ ба захираҳои Фонди Иқлимии Сабз” иштирок намуд.