Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сухани табрикии Ойхон Шарипова бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ

Шарипова О.5

20 июни соли ҷорӣ дар дафтари асосии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ (МЭМОМ), воқеъ дар ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 15-солагии таъсисёбии МЭМОМ бо иштироки ҳайатҳои намояндагии панҷ кишвари минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ рўзи дарҳои кушод баргузор гашт. Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур аз номи ҳайати намояндагии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова суханронӣ намуд. Зимни сухани табрикӣ мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки Маркази экологии минтақавӣ барои пешбурди сиёсати экологӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар минтақа мусоидат намуда, дар кўтоҳтарин муддати фаъолияташ худро ҳамчун ташкилоти босалоҳият ва ҳадафрас нишон дода тавонист.

Фаъолияти самараноки ҳамаи аъзоёни МЭМОМ имрўз барои расондани кумак ва дастгирии дафтарҳои минтақавӣ бо истифода аз имкониятҳои созмонҳои экологии байналмилалӣ дар робита ба ҳалли масоили ташаккули иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа доир ба сиёсати экологӣ дар кишварҳои минтақа, ки барои солимии табиат мусоидат менамояд, равона гардидааст.      

        Иштироки МЭМОМ ва намояндагиҳои он дар кишварҳои минтақа барои амалӣ намудани лоиҳаҳои экологӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ-тарбиявӣ, ҳамчунин иштироки Марказ дар таҳияи маърўзаҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, истифодаи усулҳои самараноки кор бо одамон назаррас мебошад. Мо бовар дорем, ки ба тарзи фаъол пеш бурдани кор аз ҷониби МЭМОМ минбаъд низ доираи васеътарро фаро гирифта, барои манфиатҳои ҳаётии халқҳои бародари минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.