Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз 15 соли ҳамкорӣ бо МЭМОМ

IMG_4534

21 июни соли ҷорӣ бахшида ба 15 солагии таъсисёбии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ (МЭМОМ) дар ш. Алмаато дар мавзўи «Дурнамо ва афзалиятҳо дар соҳаи ҳамкорӣ оид ба муҳити зист ва рушд дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ доир гардид, ки зимни ин масъала роҳбарони мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои минтақа маърўза пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова доир ба афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муҳити зист ва рушди устувор, таъмини амнияти экологӣ ва саҳми МЭМОМ дар пешбурди ҳамкории минтақавӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкориҳо маърўза кард. Зимни маърўза қайд гардид, ки барои ҳифз ва беҳдошти муҳити зист ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳо қабул гардидаанд, ки онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар муосидат менамоянд.

Аз ҷумла, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 барои ҳалли бомуваффақонаи маҷмўи масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ҳадафҳои асосии стратегӣ, ба монанди таъмини амнияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардидаанд.  

Самтҳои афзалиятнок дар ин раванд барои баланд бардоштани истифодабарии самараноки бойгариҳои миллӣ ва сармояи инсонӣ, рақобатпазир будани иқтисоди миллӣ, тақвияти рушди институтсионалии кишвар, таҳкими синфи миёна ва ҳамзамон рушди баробари ҳама минтақаҳои кишвар равона мегардад.  

Ойхон Шарипова доир ба саҳми дафтари тоҷикистонии МЭМОМ дар амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ибрози назар карда, аз ҷумла қайд намуд, ки филиали тоҷикистонии МЭМОМ на танҳо қисмати лоиҳаҳои минтақавӣ, балки лоиҳаҳои миллиро бомуваффақият амалӣ намуда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ бозид.  

Дар давоми 15 сол аз ҷониби дафтари Тоҷикистонии МЭМОМ тавассути ташкил кардани муколамаҳои бисёрҷониба, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, тренингҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳои ҷамъиятӣ масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, технологияҳои нигоҳдории обу хок, нигоҳдории гуногунии биологӣ, сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.    

Қайд карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳо Дафтари Тоҷикистонии МЭМОМ бо сохторҳои давлатӣ, ба мисли Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ, Академияи илмҳо, Вазорати маориф, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Парламенти ҶТ ва мақомотҳои давлатӣ дар маҳалҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.  

Ҳамчунин барои амалӣ гаштани лоиҳаҳо маслиҳату тавсияҳои намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад.  

Тўли солҳои зиёд ҳамкориҳои судманди Дафтари Тоҷикистонии МЭМОМ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Комиссияи Аврупоӣ, БРСММ, ЮНЕСКО, САҲА, GIZ, FOEN ва ғ. чашмрас ҳастанд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Ойхон Шарипова ҳамчунин доир ба дурнамои ҳифзи муҳити зист ва ҳадафҳои рушди устувор сухан ронда, зикр сохт, ки дар ояндаи наздик  ба чунин самтҳои афзалиянок, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҷрибаҳои беҳтарин ва донишҳоро оид ба технологияҳои пешқадама дар соҳаҳои гуногуни саноат, баланд бардоштани нерўи зеҳнии ҷомеа оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди инсонӣ, татбиқи энергияи камхарҷ дар саноат бояд таваҷҷуҳи худро равона кард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба         15- солагии МЭМОМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Мирзоанвар Ахмедов — депутати Маҷлиси намояндагон, Эмомиддин Аслзода-муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Баҳром Ғаффорзода-муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва чанде аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.