Ҷамъомади тантанавӣ дар Кумита бахшида ба рӯзи «Парчами давлатӣ»

      23 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Дастгоҳи марказии Кумита бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро Раиси Кумита муҳтарам Х. Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, тамоми кормандони Кумитаро табрик намуд. Дар суханронии худ Раиси Кумита қайд карданд, ки нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ мегардад, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд.

         Оид ба ин ҷашни таърихӣ ва хотирмон аз ҷониби собиқадорони соҳа  ва иштирокдорон баромадҳо  сурат гирифт.