Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода кормандону мутахассисони  соҳаи  ҳифзи муҳити зистро ба иди фархундаи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, зимни суханронии худ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ба даст овардани сулҳу субот ва тақвият бахшидани пояҳои давлати тозабунёди тоҷикон  басо бузург маънидод кард.

Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки дар он солҳои нобасомонӣ метавонист ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта, ба  пароканда  шудани миллат ва ба барҳам хурдани давлати ҷавони тоҷикон боис гардад. Маҳз бо талошу ҷонфидоии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эътимоду боварии комили халқамон ба Роҳбари интихобнамудаи худ  сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардид.

         Имрўз дар кишварамон  барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву  иқтисодӣ фароҳам  оварда шудааст.

Зикр гардид, ки тамоми сокинони  Тоҷикистони азиз кўшишу ѓайрат менамоянд то дўстиву бародарӣ, сулҳу созиш, ҳифзи дастовардҳои  истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон боз ҳам  устувор гарданд.