Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маводҳои иттилоотӣ ифодагари ҳамкориҳои муштараки дафтари Тоҷикистонии МЭМОМ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист

виставка дар Батуми-2 (1)

Дар доираи баргузории конфронси Вазирони «Муҳити зист барои Аврупо» дар меҳмонхонаҳои «Шератон», «Хилтон» ва «Интурист»-и шаҳри Батумии Гурҷистон дар давоми баргузории конфронс намоишгоҳ амал мекард. Ташкилоту идораҳои марбут ба муҳити зист аз минтақаҳои гуногуни кишварҳои панаврупоӣ дар намоиш барои табодули иттилоъ доир ба фаъолияти ҳамдигар маводҳои иттилоотии хешро дар шакли чопӣ ва аудиовизуалӣ ба маърази иштирокчиён гузошта буданд.
Маводҳои иттилоотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шумораҳои мухталифи маҷаллаи «Ҳифзи табиат», буклету бюллетенҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда дар мавзўи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маводҳои Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ (МЭМОМ), дар ошёнаи 2-и меҳмонсаройи «Хилтон» пешкаши иштирокчиёни сайд-ивендҳо гардонда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки аз маводҳои иттилоотии ба маърази иштирокчиён гузошташуда чунин ба мушоҳида мерасид, ки аз миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкории дафтари Тоҷикистонии МЭМОМ дар сатҳи миллӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.