Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти нимсолаи якуми соли 2016-и Кумита натиҷагирӣ карда шуд

12 июли соли ҷорӣ ҷаласаи Маушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  як қатор масъалаҳои асосии соҳавӣ муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласа муовини Раиси Кумита Ойхон Шарипова дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд. Дар ҳисоботи Кумита ҳамаи самтҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории соҳавӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва амиқ қарор дода шуд. Таъкид гашт, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода намуд ва риояи талаботҳои қонунгузории соҳавӣ бо масъулияти баланд  таъмин гардад.

Дар муҳокимаи ҳисоботи Кумита Директори Агентии обуҳвошиносӣ,  сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, сардорони шўъбаҳои назорати давлатии Кумита  ва суханронӣ намуданд.

     Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа  дар бораи мукофотҳои соҳавии Кумита мутахассиси пешбари Раёсати корҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шўҳрат Ҷабборов маълумот дод. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур таклифу пешниҳодҳо дода шуданд ва аз ҷумла пешниҳод шуд, ки тартиби пешниҳоди мукофотҳои соҳавӣ баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо дар кўтоҳтарин муҳлат тариқи вебсайт ва нашрияҳои соҳавии Кумита интишор гардад.

       Аз рўи масъалаи дигари Ҷаласа дар бораи рафти иҷрои қарори  №3-и Мушовараи Кумита оид ба  эълон намудани  озмуни ҷумҳуриявии шўъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сардори Раёсати корҳои Кумита Ҷалил Халилов  ахборот дод. Озмун дар бораи шўъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист дар ду марҳала сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз 15 май то 31 июл, марҳалаи дуюм ин сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар моҳи август ҷамъбаст мегардад ва беҳтарин шуъба (бахши) ҳифзи муҳити зист дар арафаи ҷашни  Истиқлолияти давлатӣ эълон гашта ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардонида мешаванд.

       Ҷаласаи Мушовара аз рўи масъалаҳои баррасигашта қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар кори ҷаласа сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Нуралиев иштирок ва суханронӣ намуд.