Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомўзӣ дар вилояти Суғд

20160513_090551

8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри  Гулистон семинари бозомӯзӣ баргузор шуд. дар семинар сардорон ва мудирони шӯъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Мақсади асосии семинари бозомўзӣ баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо мебошад.

Мувофиқи барномаи семинари бозомўзӣ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷишҳои субъйектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав, ки аз 1 июли соли равон мавриди амал қарор гирифт, баррасӣ гардид. Диор ба масъалаи матраҳшаванда сармутахассис оид ба ҳуқуқи Раёсат Толибҷон Юсупов баромад намуда, қайд кард, ки Қонуни мазкур муносибатҳои санҷишии мақомотҳои санҷишкунандаро дар фаъолияти субъйектони хоҷагидор ба танзим медарорад. Дар рафти семинар  байни маърӯзакунанда ва иштирокдорон музокира сурат гирифт. Ба суолҳои додашуда аз ҷониби ҳуқуқшиноси соҳавӣ ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд  ва амалшавии  Қонуни мазкур саривақтӣ  арзёбӣ гардид.