Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомўзӣ дар самти экспертизаи экологӣ

IMG_6028

21 июл дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинари бозомўзӣ баргузор гашт. Мавзўи семнар «Тартиби гузаронидан ва додани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» буда, аз ҷониби сардори шўъбаи Экспертизаи давлатии экологии Кумита Саидусмон  Судуров ҷараён гирифт.

Семинар дар сатҳи балани фаҳмондадиҳӣ,  тавассуси воситаҳои электронии рўйнамо баргузор шуда, тартибу шарт ва қоидаҳои экспертизакунии иншооти сохташаванда тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист, ба иштирокдорон фаҳмонда шуд.

Қисмате аз семинарро суолуҷавоб ташкил дода, ба суолҳои сершумори  кормандон С. Судуров ҷавобҳои мушаххас дод.