Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пронженко Кристина ба бозиҳои олимпии 2016-и Рио-де-Жанера роҳхат гирифт

image 01 Кристинчик

Соли равон  Пронженко Кристина Леонидовна дар мусобиқаи         7-уми чемпионати Осиё,  ки рўзҳои 17-19 феврали соли ҷорӣ дар  шаҳри Доха баргузор шуд, оид ба муҳорибаи панҷкарата иштирок намуда, бо 3435 хол сазовори ҷои 5-ум  ва  соҳиби рекорди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.  

Рўзҳои 13-14 феврали соли ҷорӣ  ҳангоми иштирок дар ин мусобиқа бар масофаи  400 — 200м  сазовори ҷои аввал гардид. Рўзҳои  9-10 июл дар 19-умин мусобиқаи байналмилалии кушодашавии кубоки Ҷумҳурии Узбекистон  дар масофаи 100-200м дар шаҳри Тошканд, сазовори ҷои аввал гардида, соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии 2016, ки дар шаҳри       Рио-де-Жанераи Ҷумҳурии Бразилия барпо мегардад, гардид.

Пронженко Кристина Леонидовна 10 декабри  соли 1988 дар  шаҳри Бустони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 2012  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омўзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм кардааст. Мавсуф  номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад.

Аз соли 2004 инҷониб дар стансияи ҳавосанҷии «Бустон»-и Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси техник-метеоролог фаъолият дорад.