Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” дар шаҳри Душанбе

9 август  дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ оѓоз намуд.

Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Дар кори Симпозиуми байналмилалӣ зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок доранд. Симпозиум намояндагони баланпояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овардааст.

Дар кори Симпозиуми байналмилалӣ, ки аз 9 –ум то 11 -уми август идома меёбад мавзуъҳои муҳими рӯзмара, аз ҷумла афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.