Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии пешниҳоди Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита

IMG_6318

31 августи соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани  сабаб ва шароитҳои  ба содир намудани  ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои  коррупсионӣ мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати мубориза  бо коррупсияи  Агентии назорати  давлатии  молиявӣ ва мубориза бо  коррупсия Турсунзода Шодком Худоймурод баромад намуд. Қайд гашт, ки содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи  кормандон ва шахсони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист ташвишовар буда, дар ин самт бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар нимсолаи аввали  соли 2016 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони  воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳифзи муҳити зист 3 ҷинояти коррупсионӣ содир карда шудааст.

Сабабҳои мусоидаткунандаи содиркунии  ҷинояиятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул  ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва  мутахассисони тобеи Кумита  ин таъмин принсипи поктинатии хизматчиён дар рафти адои  вазифаҳо, дар сатҳи паст қарор доштани  савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти  масъулиятнокии  онҳо, надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад.

Дар вохӯрӣ кормандони алоҳидаи Кумита андешаҳои худро дар робита ба бартараф намудани ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мусоидат менамоянд, баён доштанд. 

Қайд карда шуд, ки воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита  ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, омӯзиши қонунҳо ва Стратегияи муқовимат бо коррупсияро ба таври васеъ ба роҳ монанд.