Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъоли кормандони Кумита дар дави миллӣ

IMG_6349

Дар радифи ҳазорон нафар шаҳрвандони кишварамон кормандону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зертобеи он дар дави миллӣ, ки 3 сентябри соли ҷорӣ дар саросари мамлакат баргузор гардид, иштироки фаъол намуданд.

Макони дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида, сабқатчиён то майдони «Наврӯзгоҳ» миёни ҳам рақобат карданд.

Мусобиқаи мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мақсади он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.