Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_6418

6-уми сентябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, бо қироати матни табрикотӣ кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зистро ба 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода иштирок ва табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандону мутахассисони Кумита расонд.

        Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гашт, ки бо он дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе-Қурбонов Абдусалим Латифович барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.

Дар маҷлиси тантанавӣ алоҳида собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуда, аз лаҳзаҳои хотирмони фаъолияти кории худ дар мақомоти ҳифзи муҳити зист ёдоварӣ карданд.

Дар суханрониҳои баромадкунандагон дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат зикр гардида, хосатан қайд карда шуд, ки ин ҳама комёбиҳои бадастомада зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор собиқдорону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардидаанд, ба нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷлис  ахбороти муовини Раиси Кумита, Раиси Комиссия Шарипова О.Т. оид ба ҷамъбасти озмуни «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Бо қарори Комиссия дар ин озмун ба шўъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг — ҷойи якум, шаҳри Турсунзода — ҷойи дуюм ва ноҳияи Шуғнону шаҳри Норак — ҷойи сеюм муайян гаштаанд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ зери мавзӯи «Истифодаи энергияи барқароршаванда-омили беҳдошти муҳити зист», ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони воситаҳои ахбори омма қаблан эълон гардида буд, бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Кумита сарфароз гардонида шуданд.