Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

img_6528

16 сентябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита дар моҳи сипаригашта  баргузор шуд.

Маҷлисро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, барои баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис суханро ба сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Абдусалим Ҷӯраев дод.

Дар баромади А. Ҷӯраев «Фаъолияти Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, шуъбаҳои назорати давлатии Кумита, стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ  аз ҷониби мақомоти зерсохтори Кумита; таъминоти онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, раҳнамоҳои методию меъёрии соҳавӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар робита ба «Риояи меъёрҳои экологӣ дар раванди истеҳсолии «Ангишт»-и ш. Исфара, ҶДММ «Агрогазсервис»-и ш. Конибодом, «Талко-Ресурс»-и н. Айнӣ, «Заводи химиявӣ»-и ш. Исфара ва «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»» сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов маърӯза намуд.

Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис гузошташуда мавриди баррасии амиқ қарор дода шуда, вобаста ба ҳар яки онҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати назорати давлатӣ ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи дахлдор роҳандозӣ кардани фаъолияти сохторӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.