Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Турсунзода

img_6584

Дар доираи татбиқи Конвенсияи Орхус 17 сентябри соли равон дар бинои Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода зери мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон»  семинари омӯзишӣ баргузор гашт. Дар чорабинӣ намояндагони касбу корӣ гуногун аз ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Турсунзода иштирок доштанд.

Ба кори семинар сардори Маркази Душанбегии Орхус Сулҳия Содиқова оғоз бахшида, ҳадаф ва вазифаҳои Конвенсияи Орхусро ба иштирокдорон шарҳ дод. Мавсуф аз он ҷумла қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 10 конвенсияҳои байналмилалии марбут ба ҳифзи муҳити зист шомил гардидааст. Яке аз шумори ин созишномаҳои қабулгардида Конвенсияи Орхус мебошад-гуфт зимни суханронӣ С. Содиқова. Дар семинари мазкур инчунин мавсуф оид барои  баррасии Хисоботи  миллӣ  оид ба татбиқи  Конвенсияи Орхус дар  Чумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014-16  маълумот до  ва бо фикру андешаи  ҳозиринро  барои такмили ҳисобот ба  эътибор гирифт.

Дар рафти семинарии омӯзишӣ, инчунин ходими калони илмии Институти хокшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Эргашев, директори Маркази илми-истеҳсолии «Табиат» Тимур Назаров ва сармуҳаррири нашрияи «Инсон ва табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Ёқубов иштирок ва роҷеъ ба мавҳуму моҳияти гузаштан ба иқтисодиёти сабз баромадҳо намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти семинар  маводҳои  таблиғотӣ оид ба иқтисоди сабз  ба ҳозирин дастрас карда шуд.