Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалӣ-таҷрибавӣ оид ба риояи қоидаҳои назорати давлатӣ

Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани семинарҳои бозомӯзӣ 22 сентябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти амалӣ-таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои ҳисобу ситонидани пардохт барои ифлос  кардану расонидани зарар ба муҳити зист баргузорор гардид.

Дар машғулияти амалӣ-таҷрибавӣ намояндагони  шуъбаҳои Раёсати  ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти  шаҳру ноҳияҳои  тобеи марказ иштирок доштанд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ  муовини Раиси Кумита Ойхон Шарипова қайд кард, ки машғулияти амалии мавриди назар барои нозирони  соҳавӣ ҷиҳати такмили донишу малака дар ҳисобу ситонидани пардохт барои ифлос кардани  табиат ва расонидани зарар ба  муҳити зист аҳамияти муҳим дорад. Қайд карда шуд, ки аксарияти камбудиву  норасоиҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва дигар мутахассисони  соҳавӣ ин нодуруст таҳия намудани  ҳуҷҷатҳои  ҳуқуқвайронкунӣ, истифодаи нодурусти моддаҳои қонунҳои соҳавӣ, дар умум надоштани  таҷрибаи кофӣ барои ситонидани  пардохтҳои зарар ба табиат мебошад.

Сипас, дар рафти машғулият аз ҷониби сардорон ва дигар мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе,  шуъбаҳои  назорати давлатии Кумита қоидаҳои  асосии таҳия ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои  лозимӣ ҷиҳати ситонидани  пардохтҳо барои зарар ба табиат, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва назорати онҳо дар мақомоти  дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар машғулияти амалӣ-таҷрибавӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои тартиби ҳисоб кардани зарар барои партофти моддаҳои ифлоскунанда ба манбаъҳои обӣ, тартиби додани иҷозати буриши дарахтон дар маҳалҳои аҳолинишин, тартиби додани иҷозат барои гирифтани намуди ҳайвоноту набототи ба Китоби сурх воридшуда, тартиби истифодаи олами набототу ҳайвонот ва роҷеъ ба дигар масъалаҳои ҳуқуқии назорати давлатӣ табодули афкор намуда, маълумотҳои муфид пайдо намуданд.

Дар интиҳои семинар саволу ҷавоби кормандон барпо гашта, паҳлӯҳои масъалаи мазкур ҳаматарафа  муҳокима гардид.