Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин , озмун эълон менамояд:

р/т Шумораи бастҳо Номгӯи мансабҳои холӣ Маоши вазифавӣ (сомонӣ)
1 1 Сардори Раёсати корҳо 1700
2 1 Сардори Шуъбаи экспертизаи маводҳо оид ба объектҳои саноатӣ ва сохтмон 1093
3 2 Сармутахассиси Шуъбаи экспертизаи маводҳо оид ба нақлиёт, технология, партовҳо ва химияи Экспертизаи давлатии экологӣ 814
4 1 Сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат 702
5 1 Сармутахассиси  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Лахш 702
6 1 Мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб 472

 

Талабот ба довталабон:

— ариза ба унвони роҳбари Кумита;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ №086УЕ

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— тавсифнома аз ҷойи кори охирон;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

Нишонии  қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1 , индекс 734064, факс: (+992 37) 236-13-53, web-site: www.hifzitabiat.tj. E-mail: muhit@ hifzitabiat.tj.

Муҳлат: 21 рӯз баъд аз рӯзи нашр.