Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомўзӣ дар маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон

4-1

Дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Халилов ва Н.Назирова лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» баррасӣ гардид. Дар рафти муҳокима аз тарафи меҳмонон маълумоти мукаммал дар бораи лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардида, аз тарафи мутахассисони Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Суғд ба баъзе моддаҳо таклифҳо пешниҳод гаштанд.

Худи ҳамон рӯз семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар бораи масъалаҳои мубрам аз қабили назорати давлатӣ дар самтҳои ҳифзи ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, ҳифзи замин ва канданиҳои фоиданоки маъмули умум, ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Раёсат Б.Абдумаликов оғоз гардида,  таъкид намуд, ки ин чорабинӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон, махсусан мутахассисони ҷавон муфид аст. Тибқи рӯзномаи семинар сармутахассиси Раёсат оид ба ҳуқуқ Юсупов Толибҷон дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мутахассиси шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои  Раёсат оид  ба назорати давлатӣ Азимов Акмал дар самтҳои муомилот бо партовҳо, ҳифзи замин ва КФМУ, ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар, мутахассиси пешбари шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи  Раёсат Воњидов Муминҷон бобати  «Тартиб додани санади санҷиши объект ва чӣ гуна муайян кардани манбаъҳои муташаккил ё номуташаккили партовҳои моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера», сармутахассиси шӯъба назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Раҷабов Равшан оид ба «Ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар» маърӯзаҳо карданд.  Пас аз муҳокимаи маърӯзаҳо омӯзишҳои  амалӣ низ гузаронида шуд.