Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи иҷроиши талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ»

img_7386

1-уми октябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари омӯзишӣ дар бораи рафти иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, масъулони марказҳои Орхус ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ ширкат доштанд.

Семинари бозомӯзиро мовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова оғоз намуда, ба намояндагии Барномаи ҳифзи муҳити зисти Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, ҷиҳати ҳамкориҳои судманди экологӣ, изҳори қаноатмандӣ кард. О. Шарифова бозомӯзии мазкурро барои тақвият бахшидани савияи тахассусии кормандони ҷавон муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, мувофиқи ҷадвали баргузории бозомӯзӣ аз ҷониби муовини сардори Шуъбаи экспертизаи давлатии экологии Кумита Ҷалил Халилов талаботи иҷроиши  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити  экологӣ» ва санадҳо оид ба татбиқи  қонуни мазкур тариқи рӯйнамо ба самъи иштирокдорон расонида шуд.

Дар доиари мавзӯи гузашташуда  саволуҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон оид ба ҳамаи бандҳои  талаботи қонуни мазкур маълумоти муфассал  пайдо намуданд.

Дар рафти семинари бозомӯзӣ, ҳамчунин сардори Маркази захиравии Орхуси Кумита Сулҳия Содиқова дар бораи ҳисоботи миллӣ оид ба иҷроиши ҳадафҳори Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016  суханронӣ кард.