Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон ҳастии миллат аст

img_7426

Ҳозирини гиромӣ,

Сабаби ҷамъомади имрўзаамон ин аст, ки  яке аз рукнҳои асосӣ ва арзишмандтарини миллиамон-Рўзи забони тоҷикиро  пос дорем. Албатта, иди забони модарӣ бузургтарин ҷашнҳои сирф миллии мардуми  Тоҷик мебошад, ки муҳимтарин вазифаро дар рўзгори мо инсонҳо иҷро  менамояд. Забони тоҷикӣ куҳантарин ва бойтарин аз забонҳои дунёст. Ҳангоми бо ин лафз ҳарф задан ва ё сухан гуфтан коми кас  чун шаҳд ширин мегардад.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад.

Қобили қайд аст, ки  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфта, раванди татбиқи қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии доир ба забони тоҷикӣ ба тавсибрасида мавриди амал қарор дода мешавад. Яъне  сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба забони тоҷикӣ аз ҷониби ин ниҳоди расмӣ амалӣ карда мешавад.

Мехоҳам ин ҷо зарурати мавҷудият ва истифодаи забонро дар  Асри пешрафти технология ва ҷаҳонишавии баъзе забонҳо ёдрас шавам. Тадқиқоти имрўзаи забоншиносон нишон додаанд, ки дар тўли 50 соли охир тақрибан 500 забон аз байн рафтааст. Тахмин меравад, ки дар давоми 50 соли оянда ин шумора 3 баробар зиёд мешавад. Аз байн рафтани забон бошад, маънии аз миён рафтани давлат ва миллатро дорад, ки дар таърихи башарият аз ин мудҳиштар фоҷиае то ҳол вуҷуд надоштааст.

Вақте ҳувияти миллӣ мегўем пеши назар арзиши бузурге падидор мешавад, ки мо бо он ифтихор менамоем. Забони тоҷикӣ,  бахше аз ҳувияти мардуми тоҷик  ба шумор меравад.  Аз соли 1989  замоне, ки иҷлосияи даҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул намуд, дар кишвар ба масъалаи  рушду инкишофи  забони давлатӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан, баъди  Истиқлолияти давлатӣ  Ҳукумати мамлакат ба таҳкими забон ва дастгирии ҳамаҷонибаи он саъю талоши беандоза менамояд. Ин аст, ки аз 5-Октябри соли 2009,  таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, иборат аз 7 боб ва 28 модда ба имзо расид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Дар моддаи 27 Қарори мазкур чунин омодааст: Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 июли соли 1989,  №15 аз эътибор соқит карда шавад.  Ҷои онро Қонуни забон, ки 5 октябр ба имзо расида, ба қонунҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонда шуда буд, иваз кард. Аз ин баъд ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун «Рўзи забони тоикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст.

Яке аз омилҳои ташаккули халқи  тоҷик пайдоиши забони тоҷикист, ки бо номҳои  забони дарӣ ва форсӣ низ маъмул аст. Ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи  ҷаҳон хеле тўлонӣ ва мураккаб будааст.

Имрўз мусаллам аст, ки гаҳвораи забони тоҷикӣ Мовароуннаҳру Хуросон ва эҷодгарони он сокинони ин марзу бум, яъне ниёгони тоҷикон будаанд. Забони тоҷикӣ аз ин сарзамин ба ғарбу шимоли Эрони имрўза, баъдан ба машриқу мағриб паҳн гардид. Намунаҳои аввалини ёдгориҳои  хаттии ин забон ба асри VIII  (асри 8) тааллуқ доранд.

Ташаккул ва паҳншавии босуръати  забони тоҷикӣ дар асрҳои  IX-X (9-10) на фақат ба инкишофи  минбаъдаи  халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи  ҳуввияти  миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳое, ки ин забон  ба вуҷуд омад ва ба камол расид, номи Тоҷик низ мақом ёфт ва устувор шуд.

Аҷнабиён ният доштанд, ки ба воситаи густариши забону фарҳанги арабивӣ ва туркиву муғулӣ нуфузи забони тоҷикиро кам карда, ҳуввияти ифтихори миллӣ, шарафу номуси  ватандорӣ, суннатҳову фарҳанги куҳани аҷдоди моро барбод диҳанд.

Миллати фарҳангдўстӣ тоҷик дини исломро қабул кард, лекин мисли баъзе халқияту миллатҳо забони арабиро ба ҷои лафзи  модарии худ напазируфт. Ин кўшишу талоши ҷиддӣ, яъне пешгирии нуфузи забони  арабӣ чун падидаи  беназири ватанпарастӣ дар таърихи миллати  мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст. Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои  фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрўз ва оянда вазифадор аст, ки ин анъанаи неки онҳоро идома диҳад.

Пас аз сукути сулолаи Сомониён ҳарчанд халқи  тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, вале забони тоҷикӣ  ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт.  Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои  иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои  илмию адабӣ ва ғайра суннати сирф тоҷикона дошт, аммо мақоми подшоҳии мамлакат ба дасти дигарон буд ва дар ин муддати тулонӣ душманони миллати мо кўшишҳои зиёд намуданд, ки номи Тоҷикро аз саҳифаи  таърих берун афкананд. Вале миллати  сарбаланди тоҷик тавонист, ки  дар марҳилаҳои ҳассос ва озмоишҳои  бешумори  таърих асолати миллиашро ҳифз намояд, ном, забон, фарҳанг, дину оин ва суннатҳои деринаашро  нигоҳ дорад.

Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба муносибати бузургдошти забони тоҷикӣ чунин гуфта буданд:

«Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омўхтани забон бояд аз хонавода шурўъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳҳо ва корхонаҳо вусъат ёбад. Эҳтироми забон ва пос доштани он як рукни  маданият аст.»

Ин аст, ки имрўзҳо, дар замони Истиқлолияти давлатии кишвари тозабунёдшудамон, чуноне ки баръало мушоҳида мешавад, ягон дастоварди илму фарҳанг, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷикро бе иштироки забони давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест. Гуфтори тоҷикӣ дар ҳамаи маҷлису маъракаҳо эътибору эҳтиром пайдо кард, рушди забон дар маҷмўъ ба рушди маънавиёти  ҷомеа мусоидат намуд.     Табиист, ки миллате агар забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад.

Бо ифтихормандӣ аз ин санаи таърихӣ-27-умин солгарди Рўзи қабули забони давлатӣ, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо  кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро  самимона муборакбод мегўям. Бигузор давлату миллати Тоҷикистон бо забону фаҳанг ва арзишҳои моддиву маънавии худ ҷовидон бимонад. Ташаккур барои диққататон, саломат бошед.