Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент

img_1885

5 октябр Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ  дар ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ш. Панҷакент иштирок намуданд.

Бинои мазкур дар муддати нуҳ моҳ дар  майдони 800 м2  сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз се ошёна, 8 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгоҳу маркази бозомӯзӣ ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм иборат мебошад.

Бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита барои маркази бозомӯзии бахш  компютер  бо тамоми таҷҳизотҳояш тӯҳфа гардид.