Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳа

Дар маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа, баъд аз ҳисоботи сардори Раёсат  ва баромадҳои сардорони шӯъбаҳою мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, масъалаҳои баррасишаванда зери таваҷҷўҳи Раиси Кумита ќарор гирифта, муҳокимаронї карда шуданд ва барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа фаъолияти намунавии бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Спитамен қайд  гардид.