Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ

img_2095

Дар  қисми ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Панҷакент аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба собиқ мудири бахш  Иноятов У., ки ҳамакнун ба нафақа баромад, нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” супорида шуд.

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофотҳои соҳавӣ — нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ба мудирони бахшҳои муҳити зисти  ноҳияҳои Мастчоҳ  Шохоҷаев  Ҳасанхоҷа ва Айнӣ Халилов Шараф, мутахассиси пешбари бахши н.Ҷ. Расулов Ҳасанов Улуғбек супорида шуд. Ғайр аз ин, сардори Раёсат Темурҷон Нӯъмонзода, сардорони шӯъбаҳои Раёсат Раупов Даврон ва Самадов Алишер бо ифтихорномаи Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд.