Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2016 ҷамъбаст гардид

img_7440

11 октябри соли равон ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9- моҳа ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори  соли 2016 баргузор гашт.

Ҷаласаро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро  барои бааррасӣ пешниҳод кард. Сипас, мувофиқи регламенти муайяншуда муовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова  аз натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳо маърўза кард. Дар ҷаласа, баробари арзёбии муваффақиятҳои бадастомада, инчунин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самти назорати давлатӣ, аз қабили назорати номукаммали ҳолати партовҳо; лампаҳои симобдори аз истифода баромада, пешниҳоди ҳисоботҳои ҷанбаи таҳлилиашон суст, ки аз рафти сафарҳои хизматӣ нишон дода мешаванд,  пешниҳоди ҳисоботҳои семоҳа, шашмоҳа, нўҳмоҳа ва солонаи баъзе воҳидҳои сохторӣ, ки ҳам аз ҷиҳати имло ва ҳам аз ҷиҳати мантиқу тартиби мунтариҷа  камбуд доранд, инчунин масъалаҳои дигари ҷойдошта мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуданд.

Зикр карда шуд, ки  Кумита дар давраи ҳисоботӣ баҳри таъмини Нақшаи чорабиниҳо, ба хусус Нақшаи чорабиниҳои ҷамъбасти сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор  муваффақиятҳо ноил гардид. Он масъалаҳое, ки барои қавӣ гардидани фаъолияти нозирони соҳавию таъмни амнияти экологии шаҳрвандон мусоидат мекунад,  нақшабандӣ ва таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, аз ҷониби воҳидҳои сохтории Кумита дар муҳлатҳои муайян иҷро гардиданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар доираи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли равон корҳои муҳими соҳавӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки масъулинро мебояд  бандҳои чорабиниҳои вобасташударо бо сифати хуб иҷро намоянд.

Дар ҷаласа масъулини  Агентии обуҳавошиносӣ, сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва оид ба самти фаъолияти 9-моҳаашон дар ҷойҳо ҳисобот доданд.

Раиси Кумита Х. Ибодзода оид ба ҳолати экологии  баъзе шаҳру ноҳияҳо эродгирӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин  дастуру супоришҳои қатъӣ дод.  Раиси Кумита  ҳамзамон ба сардорони воҳидҳои сохторӣ дар шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки пешниҳодҳои  худро барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки соли оянда баргузор мегардад,  дар муҳлатҳои муайян пешниҳод намоянд.

Дар кори ҷаласа Муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Ойматов иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз шунидани ҳисоботҳо, муҳокимаи таклифу пешниҳодҳо ва баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо қарори дахлдори ҷаласаи  Мушовара қабул карда шуд.