Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббуси хонандагони мактаби Гёте

%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b0%d0%b1%d0%b8-%d0%b3%d0%b5%d1%82%d0%b5

Хонандагони синфи 10 «Б»-и  гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд  тасмим гирифтанд, ки дар ҳифзи муҳити зист саҳми хешро гузоранд. Дар ибтидо онҳо ба гуруҳҳо ҷудо намудани партовҳоро омӯхта, дигаронро низ ба ин кор талқин намуданд. Агар партовҳоро насӯзанд,  обу ҳаво ва хок ифлос намешавад. Дар мактаб ба ҳар як синф зарфҳои ранга гузоштанд: зардаш — барои маводҳои пластикӣ, кабудаш –барои коғазпора ва хокистарранг — барои компост. Байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар шуд, ки 30 кг коғазпораро ҷамъоварӣ намуда, барои коркард супоранд ва ҳоло аз пайи ҷамъоварии  фулузот ва пластика  мебошанд.

Хонандагони ин муассисаи таълимї  тасмим гирифтаанд, ки минбаъд дар мактабу муассисаҳои дигар низ аксияҳои тарғиботию талќинотиро гузаронанд ва баҳри баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас ва ҳифзи табиати диёрамон саҳми  арзанда  гузоранд.